Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РАВШАННАМОӢ ВА ЧАРОҒОНКУНОНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ


Баробари эълон гардидан " Соли 2020 - соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот дар вилояти Хатлон", ки дар ин бора 17 феврали соли 2020 қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ ба тасвиб расидааст, фаъолон ва эҳсонкорони Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо тасмим гирифтанд, ки онро пурра дастгирӣ менамоянд. Аҳли ҷамоатчигӣ ва хайркорон низ фаҳмида буданд, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, дар доираи корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ҳамчунин, аз қарори зикршуда бармеомад, ки онҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонӣ, инчунин омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ободонӣ ва равшаннамоии ҳудуди биноҳо, биноҳои маъмурӣ, кӯчаю гузаргоҳҳо низ бояд саҳмгузор бошанд.
Роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо дар ҷаласаи навбатии назди раиси ҷамоат масъаларо баррасӣ намуданд. Нахустин шуда ҷавонони ба нангу номус Файзиддин Усмонов ва Шоҳназар Ватанов тасмим гирифтанд, ки роҳҳои бештар равуои мардумро бо чароғҳо муҷаҳҳаз кунанд. Бо ин мақсад зиёда аз 150 адад таҷҳизотҳои худкор, ки баробари расидани торикӣ худ аз худ рӯшан мешаванд, дар атрофи мактаби рақами 52, роҳҳои пурравуои деҳаи Файзобод насб карда шуданд.
Дар доираи ҳамин чорабиниҳои ҷамоат дар деҳаи Даштигулҳо низ трансформатори нав насб гардид, ки акнун аҳолии зиёда аз 200 хоҷагӣ бо барқ ва равшанӣ таъмин хоҳанд шуд.
- Иқдоми ҷавонмардони эҳсонкори деҳаи Файзободро дар дигар деҳаҳо низ дастгирӣ намуда, ният дорем, ки ҳамаи роҳҳои маҳалҳои аҳолинишинро чароғон намоем, - мегӯяд Саъдулло Шарифов, раиси Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо.
Дар расм: кӯчаҳои деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо ва насби трансформатор дар деҳаи Даштигулҳо
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.