Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОҒОЗИ МУСОБИҚА


Тибқи Низомномаи аз ҷониби раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода тасдиқшуда аз 17 март то 25 апрели соли равон ба истиқболи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва дар пеш буда бозии футбол байни 10 ҳайати дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, "Сарҳадчӣ" дар майдонҳои варзишии "Сарҳадчӣ" ва деҳаи Сафар Гадоӣи Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд баргузор мегардад.
Имрӯз ба оғози бозиҳо раиси ноҳия ифтитоҳ бахшида, ба ҳайати ҳамаи дастаҳо бурд таманно намуд.
Бозии нахустин байни ҳайати дастаҳои "Сарҳадчӣ" ва Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо оғоз ёфт. Аз лаҳзаҳои ибтидои бозӣ маълум буд, ки ҳайати дастаҳо омодагии хуб дидаанд.
Дар ду қисми 30 дақиқагии бозӣ дастаи яккачини ноҳия "Сарҳадчӣ" ба дастаи деҳоти Даштигулҳо ба ҳисоби 4:2 ғолиб омад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташкили бозии мазкур тарғибу ташкили тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, ташвиқи васеи бозии футбол дар деҳоти ноҳия, тақвияти дӯстии байни қишрҳои гуногуни ноҳия, дарёфти чеҳраҳои нави футбол (бозингарони болаёқат) барои пурра намудани ҳайати дастаи "Сарҳадчӣ"-и ноҳия ба ҳисоб меравад.
Умед аст, ки ҳадафҳои муайян намудаи мақомоти ташкилдиҳандаи бозиҳои мазкур ба даст хоҳанд омад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

    

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.