Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БО ҶИДДУ ҶАҲД

    Бо муҳайё шудани шароити мусоид дар хоҷагиҳои ноҳия кишти пунбадона оғоз шуд. Хоҷагидорони ноҳия дар як рӯз 50 гектар кишт карданд.
Имрӯз пахтакорони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки соли гузашта яке аз аввалинҳо шуда аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда дода буданд, ба таври умумӣ ба кишт оғоз карданд.
     Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода имрӯз дар хоҷагии деҳқонии "Зарафшон" (роҳбараш Одинашоев Ҳусайн) бо деҳқонон, ки дар 4 гектар кишти пунбадона мегузарониданд, маслиҳату дастурҳо дода, ба деҳқонон дуои барору комёбӣ доданд.
- Соли гузашта заркорони хоҷагии деҳқонии "Зарафшон" ба маҳзи барвақт кишт кардани пахта ҳосили хуб ба даст оварда буданд, - гуфт зимни суҳбат Эмомалӣ Азимов, раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва илова намуданд, ки баъзе солҳо аз кишти барвақтӣ зарар медиданд. Жолаҳои баҳорӣ ниҳолҳои сар аз замин бардоштаро захмӣ ва корношоям мекард. Ду сол боз бо тавсияи мутахассисон, ки ҳарорати умумии замин гарм шудааст, хоҷагидорон аз барвақт кишт кардани пахта бурд мекунанд, - хулоса намуд Эмомалӣ Азимов.
- Бале, кори деҳқонӣ дар қатори ҳамаи заҳматҳо омаду ноомадиҳо низ дорад. То имрӯз дар ноҳия 70 гектар замин кишт шудааст ва умед дорем, ки ҳосилнокиро аз порсола зиёдтар гардонем, - гуфт Маҳдӣ Орифзода.
Дар сурат: рафти кишти пунбадона дар хоҷагиҳои Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод ва ба номи С. Турдиев
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.