Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОҒОЗИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Рӯзи фарорасии Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳия аз ташрифи раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба хабаргирии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуда, бо дуои пирони кор дар ба истифода додани купрук, ки бо саҳми Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони деҳаи Таги намаки Ҷамоати "Қаҳрамон" (роҳбараш Беҳбудов Маҳмуд) бо маблағи 410 000 сомонӣ сохта шудааст ва деҳаи Таги намаки Ҷамоати "Қаҳрамон"-ро бо заминҳои корам ва лалмии канору болои кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин мепайвандад, барои истифода аз чарогоҳи кӯҳии намаки Хоҷамӯъмин гузаронидани чорвои шахсии сокинони деҳа хизмат мерасонад, ширкат намуданд. Мардуми деҳа бо чеҳраи идона ва пайи қадами неки Наврӯзи хуҷастапай дастархони идона ороста, барои оғози кишти пунбадона омодагии пухта дида буданд.
Сипас, дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло мағозаи "1001майдачуйда", ки молҳои рӯзгори мардумро пешкаши мизоҷон кардаанд ва аз ҷониби сокини ҳамин деҳа Муродов Хушбахт бо маблағи 180 000 сомонӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чеҳраи ҳар як иштирокчии ин чорабинии идона аз оғози Наврӯзи байналмилалӣ гувоҳӣ медод ва мардум як навъ бо иштироки худ дар ин чорабинӣ изҳори хурсандӣ ва шукргузории худро аз зиндагии тинҷу осоишта ва серу пур изҳор медоштанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

 

 

 

 

 

   

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.