Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Субҳи имрӯз, баробари ворид гардидани Наврӯзи оламафрӯз раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҳамроҳи раиси шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат Раҳимов Шариф ва дигар фаъолони ноҳия аз ҳаёту иҷтимоиёти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ғафуров Саъдулло, сокини шаҳраки Москва, Туронов Давлатшоҳ ва Гадоев Шафеъ сокинони деҳаҳои Пушкин ва Гулистони Ҷамоати "Қаҳрамон" хабар гирифтанд. Ҳангоми суҳбат мӯйсафедони барнодил аз сиёсати инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуданд.
Дар навбати худ раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба мӯйсафедон кумаки моддӣ намуда, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ онҳоро табрик намуд. Инчунин, аз мақсад ва тадбирҳои ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бар фашизми Германия бахшидашуда сухан намуда, иҷрои онҳоро ба ветеранҳо қавл дод.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

  

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.