Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАРБИЯИ ЭКОЛОГИИ ХОНАНДАГОН

 

Ба хотири беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини истиқлолияти кишварамон ба масоили ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати олами набототи диёрамон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Дастгирӣ ёфтани ташаббусу иқдомоти Асосгузори мулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаҳои доғи экологӣ аз бонуфузтарин минбарҳои созмонҳои байналхалқӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон бо ҷомеаи умумибашарӣ ҳаммаром буда, Тоҷикистон нисбати проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ бетараф нест.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон зарур аст, ки оиди муҳофизати рустаниҳо, аҳамияти рустаниҳои сабз дар табиат ва ҳаёти инсон корҳои беруназсинфӣ гузаронида шавад.

Чорабиниҳои мазкур аз рўи нақшаи пешниҳодшуда гузаронида мешавад:

- маълумот дар бораи рустаниҳои сабз дар табиат;

- расми беҳтарин;

- рустаниҳо ҳамчун индикаторҳои биологӣ;

- суханони бузургон дар ситоиши табиат;

- қироати шеърҳо;

- иншои беҳтарин;

- саҳнача;

- тезгўяк, чистон, тақлид;

- сурудхонӣ.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хонандагон бояд донанд, ки рустанӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти фавқулода калон дорад, зеро асоси хўроки инсонро маҳсулотҳои рустанӣ аз ќабили орд, сабзавот ва меваҷот ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дар шароити ҳозира яке аз воситаҳои тарбияи хонандагон баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.

Омўзиши қонунҳои инкишофи табиат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс аст. Доир намудани маҳфилҳо ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ба баландшавии маърифату тарбияи экологии хонандагон мусоидат мекунад.

Олимон қайҳо муайян кардаанд, ки рустаниҳо қобилияти гуногуни ҳис кардани ифлоскунии муҳитро доранд.

Инсон – гули бебаҳои табиат аст, барои ҳамин ҳифзи табиат қарзи шаҳрвандии мост.

 

 Саодат НАЗРИЕВА, омўзгори литсейи давлатӣ

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.