Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Машварат ҷиҳати пешгирии бемории хатарноки коронавирус

 

      Бо ташаббуси маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия (директораш Назрӣ Алиев) дар литсейи касбӣ - техникӣ машварат дар бораи бемории хатарноки коронавирус гузаронида шуд.

      Дар кори машварат намояндагони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ - директори маркази давлатии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар  Вазорати тандурустӣ Мухторова Парвина Шавқатовна, мудири шуъбаи иттилооти маркази мазкур Анварова Сурайё иштирок ва баромад намуда, ба иштирокчиён дастуру тавсияҳои муфид нисбат ба ин бемории сироятӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таккони сахте додааст, баён намуданд.

Баъд аз ҷумлаи иштирокчиён саволҳо ба меҳмонон дода шуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.