Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бо мақсади таъмини самаранокии иҷроиши дастуру супоришҳо....

      Тибқи амри раиси ноҳия ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои самараноку  оқилона истифода гардидани замин, корҳои ободонию тозагӣ, безараргардонӣ ва ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва  ноҳия гурӯҳҳои корӣ барои ҳашт ҷамоатҳои шаҳраку деҳа таъсис доданд.

       Ҳайати гурӯҳе, ки роҳбариашро вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳия Санифамоҳ Тағаймуродзода ба уҳда доранд, дар ҳайати Гадоев С., Баёнзода Н., Акбаров Н., Маҳмудов О., Сафаров Ф. ва раиси Ҷамоати шаҳраки Москва Хуршед Қурбонов дар муассисаҳои таълимӣ ва тангдурустии  ҳудуди шаҳраки Москва бо кормандону омӯзгорон суҳбат намуданд.

      Дар чорабинӣ, инчунин дар бораи чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COBID-19) ва пурзӯр намудани назорати иҷрои онҳо муфассал қайд намуданд.

Чунин чорабиниҳо дар ҳамаи ҳашт ҷамоатҳои деҳот низ гузашта истодаанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.