Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАРЁБ КУНУН, КИ НЕЪМАТАТ ҲАСТ БА ДАСТ (Шайх Саъдӣ)

      Чанд рӯз пеш бо ибтикори Ташкилоти хайриявии "Бобуна" (роҳбараш Саидислом Мирзоев) ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ боз як иқдоми наҷиби соҳибкорон ҷиҳати фароҳамсозии шароити зарурӣ барои табибон ба Беморхонаи марказии ноҳия 15 номгӯи маҳсулоту таҷҳизотҳо, аз ҷумла, 40 маҷмӯъ либос ва лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ, 160 ниқоби муҳофизатӣ (4 намуд), 30 айнак ва 400 ҷуфт дастпӯшак (2 намуд), маҳлули антисептикӣ 15 адад, спирт 20 литр, 2 асбоби обҷӯшонӣ (Тефал Терафлю), 50 стакан ва доруҳои Арбидолу Эргоферон бо арзиши умумии 20 000 сомонӣ ҳадя гардид.
Бино бар гуфтори сартабиби беморхона Ҳасанҷон Розиқов ба шарофати чунин иқдомоти ватандӯстона, хайрандешона ва саҳмгузориҳои соҳибкорони эҳсонкор мушкилоти норасоии либос ва дигар лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ то ҷойе ҳалли мусбати худро ёфт.
- Бо арзи сипос ба соҳибкорони саховатпешаи диёр изҳори умедворӣ менамоем, ки онҳо оид ба дарёфту харидорию дастраснамоии дорувориҳои зиддивирусӣ, ки норасоии онҳо мушкилу муаммои рӯз маҳсуб меёбанд, низ иқдомоти хайрхоҳонаи худро баҳри ҳифзи сиҳативу саломатии мардуми худ тақвият мебахшанд ва барои ҳалли ин мушкилоти халқ амалан мусоидат хоҳанд кард, - иброз доштанд ҳини суҳбат сартабиб Ҳасанҷон Розиқов.
Комёбу муваффақ бошед, соҳибкорони боинсоф!
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.