Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

   Дирӯз, бегоҳи 20 май дар даромадгоҳи Беморхонаи марказии ноҳия тантанаи аҷибе буд.

Маълум гардид, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории коронавируси намуди нави ковид 19 гирифтор шудаанд, кумаки моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корвони иборат аз ҳашт мошин ба ноҳия ворид гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин кумак 10 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ, 7 тонна орд, 2 тонна макарон, 1 тонна марҷумак (гречка), 1 тонна перловка, 2 тонна равған, 5 тонна биринҷ ва 1 мошин дорувории барои пешгирӣ аз бемории зикршуда буданд.

Раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода ҳамроҳи фаъолон, табибон корвони мошинҳоро истиқбол карданд. Нахуст Бозоралӣ Одиназода барои дастгирии саривақтӣ аз номи худ, табибон ва ҳамаи мардуми ноҳия аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташаккур намуда, бо боварии қатъӣ гуфтанд, ки барои амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳои дар ин роҳ андешидашудаи Сарвари мамлакат ҷонфидоӣ хоҳанд намуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати дар оянда боз ҳам босифаттар омода намудани собиқ биноҳои таъиноти бемориҳои сироятӣ ва бунёди ҷойҳои нави табобатӣ барои беҳдошти саломатии мардуми ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба намояндагони Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ваъдаи қатъӣ доданд.

Қабули ҳайати масъулони ин корвони умедбахш дар сатҳи баланд гузашт.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.