Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

 

Имрӯзҳо дар саҳрои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дарави охирин қитъаҳои гандумзор идома дорад. Доир ба ин ва дигар корҳои саҳроӣ суҳбате доштем бо сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода. Маълум гардид айни замон дар ноҳия 19 комбайнҳои ғалладарав аз 4913 гектар 4500 гектари онро дарав намуда, дар маҷмӯъ 15 900 тонна, ё 42 сентнерӣ ҳосили аълодараҷа ба даст овардаанд, ки зиёда аз 85%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. То имрӯз аз 3500 гектари аз коҳ тозашуда, 3100 гектар аллакай шудгор шуда, ба кишти такрорӣ шурӯъ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки имсол дар ноҳия бояд аз рӯи нақша дар 7884 гектар (4672 га хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ, 3212 га аҳолӣ) кишти такрории зироатҳо гузаронда шавад. Аллакай кишти донагиву сабзавот, мисли ҷуворимакка, шолӣ, мош, лубиё, сабзӣ, бодиринг, карам рафта истодааст.

Ҳамчунин, корҳои саҳроӣ бо ҷӯшу хурӯш давом доранд. Имсол дар 5874 гектар замин пахта кишт шудааст. Хурсандибахш аст, ки шонабандиву гулкунии ниҳолҳои пахта оғоз шудааст. Дар пахтазор корҳои коркарди замин, култиватсия, чобуқ, ягонакунӣ ва озуқадиҳӣ бо маром рафта истодаанд.

- Заҳматкашони ноҳия медонанд, ки фақат меҳнати суботкорона метавонад зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намояд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Маҳдӣ Орифзода.

САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.