Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЧЕҲРАИ МАНФУР

ЧЕҲРАИ   МАНФУР

 

                  Бо пули фурӯши  одамон бой шудӣ,

                  Сар бар қадаму қадам ба сар ҷой шудӣ.

                  Эй нокаси бадтарин зи ҳар як нокас,

                  Дар зери қудуми одамон лой шудӣ.  

                                                                   Назар Халил

 

   Мусаллам аст,ки номи ду гурӯҳи шахсиятҳо ва ё чеҳраҳо  дар таърих боқӣ монда сари ҳар вақт вирди забони мардум мегардад,ин ҳам бошад чеҳраҳои маъруф ва чеҳраҳои манфур.

  Фарзандони фарзонаи миллат тули ҳазорсолаҳо ҷиҳати муаррифии миллати тамаддунофари тоҷик шабзиндадорӣ намуда,аз худ қаҳрамонию ҷоннисориҳо нишон доданд ва нишон дода истодаанд. Вале як нокасе метавонад бо дасисабозию хиёнаткориҳои худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба номи миллату давлати худ иснод оварад.

  Муҳиддин Кабирӣ.Месазад,ки навишти  ин ному насабро бо ҳарфҳои хурд оғоз кард. Вале чӣ илоҷ мо намехоҳем,ки аз пушти ин тоифа қавоини имло вайрон гардад. Чи тавре,ки болотар гуфтем ин ном имрӯз вирди забони хурду бузург,марду зан, кишоварзу коргар ва шуарову уламо гардидааст,ҳар касе мехоҳад атрофи ин ном,ки ба болояш хати сиёҳи батлон кашида шудааст ақидаи худро баён дошта бошад,то ки каме худро осуда ҳис намояд.

  Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон уро ҳамчун як нафари хоин,ватанфурӯш,беимон ва нокас мешиносад.Имрӯзҳо тавассути садову симо огоҳ мешавем,ки ба суроғаи ӯ наздиктарин хешу ақрабо ва ҳамдеҳагону ҳамсолони худ бадтарин суханҳоро фиристода истодаанд. Магар аз ин шармадагии дигар мешавад?

  Муҳиддин Кабирӣ аз вақте,ки аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро ҳусни оғоз бахшид.Муҳиддин Кабирӣ муддати зиёда аз як даҳсола ҳаст,ки мардуми Тоҷикистонро тинҷу ором зиндагӣ кардан намемонад. Вале мардум низ аз аспи ҷаҳл нафаромада вобаста ба амалҳои нангини анҷомдодаи ӯ садо баланд карда истодаанд.Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу бӯҳтон ва иғвогариҳоро надоранд.Аз он ҳама фаъолиятҳои иғвоангезонаи Кабирӣ тайи моҳҳои охир бармеояд,ки ӯ ва ҳамсафонаш дар долонҳои барҳавои ҳамтоёни хориҷии худ нишаста,чунин хулоса кардаанд,ки мардум чизеро ҳис намекунанду дониши ҳуқуқиашон паст аст ва ҳар чӣ хоҳанд нисбаташон анҷом медиҳанд.Аз ин ҷост,ки бо истифода аз фазои каме холии иттилоотӣ бо мақолаву баромадҳои муғризонаи худ моро гӯё аз хатарҳои давру замон огоҳ месозанд.Бехабар аз он,ки ҳатто оддитарин шахс вазъи кунуниро аз онҳо дида аълотар ташхис намуда, фикрронӣ мекунад.

  Чи тавре,ки аз муроҷиатномаҳои охири табақаҳои гуногуни мардуми Тоҷикистон бармеояд, бошандагони ин сарзамини кӯҳанбунёд чунон гулу гумроҳ нестанд,ки Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони кӯчаки ӯ мепиндоранд.Мардум акнун бе ягон таблиғ ҳақиқатро аз бӯҳтон,ва хубро аз бад фарқ мекунанд.Хатароти мавҷударо дар баробари худ ва марзу буми давлат эҳсос мекунанд.Ҳоло ки мардуми тоҷик дар баробари хатари бемории коронавирус чун тамоми башарият қарор доранд,аз хавфи он низ огоҳ ҳастанд. Сохторҳои марбута аз Пешвои муаззами миллат сар карда то тамоми масъулин ва мардуми оддӣ тамоми чораҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани ин пандемия андешида истодаанд ва ба “насиҳат”-у “роҳнамоӣ”-и “ҳеҷ  кас” ниёз надоранд.Бо боварӣ метавон гуфт,ки натиҷаи ҷаҳду талоши Сарвари давлатамон мӯҳтарам Э.Раҳмон ва масъулини Ҳукумат аст,ки то ҳол саломатии мардум хуб ҳифз шуда истодааст.

  Вале амалҳову ангезаҳои  ин тоифаи пастфитрат  ба раванди мубориза ба ин вабои аср ва таъмини босифати саломатии мардум халал мерасонад.Кабирӣ ва ҳамсафонаш пайваста мавзӯи нави ифротӣ ҷутуҷӯ  доранд,то ки  ақидаҳои муғризонаи худро ҳадди ақал дар ахбори омма паҳн намуда мардумро ба таҳлука андозанд. Онҳо фикр мекарда бошанд,ки бо чунин амалҳояшон ҷони мардум аз эшон сер шудааст,дигар тоқати шунидани суханҳои пучу бемаънии Кабириро надоранд.Мардум бояд аз пайи таъмини зиндагии худ ва ободии Ватан саргарм бошанд на ин,ки банди муҳокимаи “пешниҳодҳои” он гурӯҳ гарданд.

 Агар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамтоёнаш дилсӯзи Ватану миллати хеш мешуданд,ақаллан дар ин давраи ниҳоят ҳассоси иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандони маҳалли худ ва хешу ақрабояшон кӯмаки моддӣ ақаллан ниқоби тиббиеро дастрас мекарданд, ҳол он,ки касе ба кӯмакҳои он,ки худи онҳо аз ҳисоби дигарон зиндагӣ мекунанд ниёз надоранд. Мусаллам аст,ки кӯмак намекунанд.Зеро наметавонанд.Чунки онҳо ва зану фарзандонашон аз ҳисоби сармояи бегона ва бе дарди миён зиндагӣ карданро одат кардаанд. Мепоянд ба мисли саге,ки партофтани устухонеро интизор аст ва кай ба онҳо ҳаммаслакони бурунмарзии худ баҳри пиёда сохтани нақшаҳои муғризонаашон,ки ба самти халқу Ватани худ равона гардидаанд, маблағ пешниҳод намоянд. Мардуми сарбаланди тоҷик аз шумо Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамсафонат  дар ин рӯзҳои барои тамоми башарият душвор фақат як чизро талаб доранд.Танҳо дигар садо баланд накунед,ки мо дигар тоқати шунидани овози гӯшхароши шуморо надорем.

  Маълум аст,ки ҳоло ҳам Муҳиддин Кабирӣ  аз амалу ақидаҳои ифротгароёнаи худ пушаймон нагаштааст.Ӯ дар мамлакатҳои Аврупо имрӯз зиндагии кучманчиёнаи дарбадар дорад. Таърих нишон медиҳад,ки кулли хоинон  ва онҳое,ки Ватану миллати худро ба зону шинонидани мешаванд ҳамтақдир ҳастанд ва бе ному нишон аз майдони мубориза дур мешаванд.

  Ҳамватанони азизи мо бояд аз ин баъд ба гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ ҳатто таваҷҷӯҳ накунанд ва аз мақоли “Саг меҷакаду одам роҳашро давом медиҳад” рӯи кор бигиранд. Зеро чӣ қадаре,ки номи ӯро ба забон орем онҳо мақомашонро баланд медонанд ва худро роҳат ҳис мекунанд.

  Фақат як чиз мондааст,ки тамоми “Хизматҳои” Муҳиддин Кабирӣ ба инобат гирифта шуда,аз тарафи халқу Ватан ба ӯ “унвон”-и “Террористи №1 барои Тоҷикистон ва минтақа” дода шавад.

                                                   Ҳайдар Зуҳуров- омӯзгори МТМУ №16.

 

    

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.