Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз...

Ҷаласаи навбатии Ситоди ноҳиявӣ оиб ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус бо роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода хеле тӯл кашид. Раис вазъи беморхонаҳои деҳотиро дар сурати эҳтимолан ҷойгир кардани беморони мубталои коронавирус таҳлил намуда, таъкид намуд, ки нисбат ба ин беморӣ бепарво набошанд ва натиҷаҳои онро ҷиддӣ бигиранд. Беморхонаи деҳотии деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулоро, ки дар мавзеи мувофиқ ҷойгир аст, барои қабули эҳтимолии ин беморон омода бояд кард. Ҳарчанд ба ғайр аз Беморхонаи марказии ноҳия беморхонаҳои деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев ва деҳаи Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон" низ омодаанд.

Баъди каме таваққуф, раис илова намуд, ки дар беморхонаи деҳотии воқеъ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло барои 30 нафар ҷойхоб муҳайё кардан лозим мешавад.

- Касе аз деҳоти Даштигуло ҳаст, ки ин масъаларо ҳал кунад? - пурсид раис.

Ҳабибулло, ки ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҷаласаи ситод иштирок дошт, бедудилагӣ, гуфт, ки ин кори хайрро ба сомон мерасонад. Дар қисми поёни ҷаласа Бозоралӣ Одиназода ба сартабиби БМН Ҳасан Розиқов тавсия дод, ки барои беморхонаи сил ягон инсони хайркорро ёбад, то барои таъмини шири тоза ба беморон як гови ҷӯшоӣ ҳадя кунад. Ин дафъа ҳам Ҳабибулло рухсати сухан пурсида, ин амали хайрро низ ба ӯҳда гирифт.

- Дар аксари баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин ё он ид ва рӯзҳои таърихӣ ҳамеша суханони ҳидояткунанда барои дастгирии ашхоси эҳтёҷманд гуфта мешавад ва намунаи барҷастаи ин амали хирадмандона нахуст аз ҷониби худашон амалӣ кардани он аст. Фикр мекунам, ки ин ҳам давоми кори бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари мамлакат аст, - хоксорона мегӯяд Ҳабибулло.

Ҳамин тариқ, Ҳабибулло Исматов, роҳбари кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии "10-солагии Истиқлолият"-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло аз ҳисоби шахсияш ба миқдори 15 000 сомонӣ барои беморхонаи бемориҳои сил 1 сар гови бо гӯсола (ширдеҳ), 30 ҷуфт ҷойхоб ва доруи дезинфексия кардани ҳудуди беморхонаи деҳотии Файзобод хайр намуд.

Имрӯз, ки бемории фарогири сироятии короновирус тамоми дунё, аз ҷумла кишвари моро фаро гирифтааст, на танҳо дар ноҳияи мо, балки дар сартосари кишвари маҳбубамон пайравони содиқи Пешвои миллат, ҷавонмардони баору номус барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, афроди камбизоат корҳои бузурги хайриявиро амалӣ намуда истодаанд.

Беихтиёр суханони ҳакимонаи шайх Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёд меоянд, ки

таъкид ба ҳамаанд:

ҶАВОНМАРДО, ҶАВОНМАРДӢ БИЁМӮЗ,

ЗИ МАРДОНИ ҶАҲОН МАРДӢ БИЁМУЗ!

САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.