Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба пешвози 30- солагии Истиқлолият

                                                                                                             

        Меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ  барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  Ватанамон суботкорона меҳнат намуда, муваффақиятҳояшонро рўз аз рўз  афзун намуда истодаанд. Дар қатори боз ҳам ривоҷу равнақ додани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба ободкорию созандагӣ ва бунёдкорӣ диққати махсус медиҳанд. Бо дастгири  мардони ҳимматбаланду саховатпеша  рўз рўз ноҳия бо худ таровати тозаро  гирифта истодааст. Дар давоми як-ду соли охир дар ҳудуди ноҳия бо дасгирию мадади  ҷавонмардони ҳимматбаланду  эҳсокор ва  ватандўст  даҳҳо иншоотҳои барои беҳшавии рўзгори мардум зарурӣ сохта ба истифода дода шуданд.          

         Дирўз  бо иштироки  раиси ноҳия, узви  Маҷлиси  миллии маҷлиси Олии мамлакат, муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  боз якчанд иншооте, ки аз тарафи соҳибкорон ва мардони олиҳиммат бунёд ёфтаанд, дар вазъиятим тантанавӣ кушода шуда,ба хизмати мардум   дода шуданд. Бо ибтикори  соҳибкори маҳаллӣ С.Бобилов дар маркази шаҳрак мағозаи молҳои хоҷагӣ, дар ҷамоати  деҳоти Даштигуло  бо ташаббуси  соҳибкори маҳаллӣ  Абдураҳим Ҳалимов  ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ  сехи мевахушккунӣ  ва дар маркази ҷамоати Панҷоб бо ташаббуси  ҷавонмарди  сахидасту эҳсонкор Қодир Ниёзов  мағозаи хўроквории  бо тамоми шароитҳои хизматрасонӣ  сохта, ба истифода дода шуданд. Зиёда аз даҳ нафар сокинони   ноҳия соҳиби ҷойи кор гардиданд.

          Раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода зимни суханрониаш ҳангоми кушодани ин  иншоотҳои ба мардум хизматрасонанда ба соҳибкорони маҳаллӣ, ҷавонмардони асили ватандўст, ки дар ободии диёрашон ҳиссагузорӣ кардаанд,  арзи сипос намуда, барои чунин  корҳои хайрашон ба онҳо барори кор таманно намуд.

          Корҳо дар самти ободкорию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳияб бо ғайрату матонати калон  ва ташаббускорӣ идома дорад.  

 

 

 

 

 

 

                                              

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.