Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҶЛИС МАСЪАЛАҲОРО ҲАЛ НАМУД

 

    Дар маҷлиси назоратии  назди раиси ноҳия  ( 22. 06. 2020)  масъалаҳои мубрами ба пешравии ҳаёти иқтисодӣ ва хоҷагии ноҳия мутааллиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Сараввал раис аз мутасаддиёни  ба   ҷамъоварии андоз вобастакардашуда  А.Холиқов- ҷонишини раис, З.Орифзода сардори идораи андоз,  К. Расулов- мудири молия оиди натиҷаҳои  корашон ба таври ҷиддӣ  пурсиш ба амал овард. Супориш дод, ки тамоми мутахассисони ҷамоатҳо  ба ҷамъоварии маблағҳои  андози ичтимоии  ғайрибуҷетӣ ва маблағҳои оби полезии истифодашуда  (АИО)  аз хоҷагиҳои деҳқонӣ  сафарбар карда шаванд. Аз  роҳбарони идораи кишоварзии ноҳия, мутахассисони соҳаи пахтакорӣ  дар бораи рафти коркарди қаторҳои пахта, култиватсияи  байни қаторҳо, озуқадиҳии  майдонҳои пахта пурсиш ба амал овард. Майдонҳои кишти ғаллагиҳо ҳарчӣ тезтар аз ҳосили навбатӣ тоза карда шуда, барои ҳосили такрорӣ шароит муайё карда шавад, супориш дод раис. Аз Хадамоти оташнишонӣ- Н. Сафарзода  қатъӣ  талаб намуд, ки райду санҷишҳо гузаронида, барои аз сўхтор  эмин нигоҳ доштани майдонҳои ғаллазор тамоми чорабиниҳоро бинад.  Шабакаҳои барқи ноҳияро вазифадор намуд, ки барои дуруст васл намудани ноҳилҳои барқӣ ва  истифодаи он, барои сар назадани сўхтор  дар мағозаҳо, иншоотҳоии хизматрасонӣ  ва бозори марказӣ рейду санҷишҳо  гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои қатъӣ андешанд.  Дар маҷлис  ба ҷонишини раис С. Тағаймуродзода ва мудири шуъбаи маориф А.Исоев  супориш дода шуд, ки  барои  суҳбат бо довталабони  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ  шароит муҳайё намоянд.  Оиди гузаронидани чорабиниҳои идона барои сазовар истиқбол гирифтани  Рўзи ваҳдат  ва дар сатҳи баланд гузаронидани онҳо ба  С. Тағаймуродзода, З. Қиматов ва  К. Шарифов  маслиҳат дода шуд.

Маркази матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.