Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАРИ АМАЛӢ- МИНТАҚАВӢ

  

          Дирўз дар хоҷагии деҳқонии «Комил-2016»-и  Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» семинари амалӣ- минтақавӣ дар мавзўи «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар вилояти Хатлон» баргузор гардид.

        Дар кори семинар муовинони якуми раисони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кўлоб, сардорони идораи кишоварзӣ, раисони Кумитаи замин, раисони хоҷагиҳои тухмипарварӣ иштирок намуданд.

       Семинари амалӣ – минтақавиро раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ ифтитоҳ намуд. Сипас, академик Ахмедов Т.А.- Професори кафедраи меваю сабзавоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Анварова М.А. – директори институти илмӣ – тадқиқотии биотехнология ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, Солеҳов Ҷ.А.- директори илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ Неъматуллоев З. С. – мудири кафедраи бехатарии маҳсулоти ғизоиии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, Пиризода Ҷ. С.- академик, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ, Сафаров М.- директори Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионии АИКТ доири мавўи зикргардида бо маърўзаҳо баромад намуданд.

      Сипас дар қисми амалии семинар дар замини 2 гектараи хоҷагии мазкур, ки пешакӣ барои шинонидани картошка омода шуда буд, бо маслиҳати Назаров Ҳ.Н. –директори Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ кишти картошка гузаронида шуд.

 

   

 

  

 

  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.