Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

      Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбутӣ доир гардид, ки дар он 26 нафар рӯзноманигорон аз рӯномаю маҷалла ва радиову шабакаҳои телевизионии мамлакат - "Хатлон", "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Минбари халқ", "Омӯзгор", "Пайк", "Тоҷикистон", "Радиои Тоҷикистон", ТВ "Сафина", ТВ "Тоҷикистон", ТВ "Ҷаҳоннамо" ва ТВ "Хатлон" ширкат варзиданд.

     Нахуст, раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар бораи бурду бохти заҳматкашони ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2020 муфассал маълумот дод. Баъдан, раиси ноҳия ба саволҳои хабарнигонои ВАО-и вилояту ҷумҳурӣ посух доданд.

       Раиси ноҳия зикр  намуд, ки дар зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ноҳия дар аксар соҳаҳо ба пешравию комёбиҳо муваффақ гардидааст ва аҳли заҳмат барои дар сари вақт ба охир расонидани бунёду азнавсозии ҳамаи иншоотҳои дар нақшабуда аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш мекунанд.

 

  

 

   

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.