Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғалабаи нахустини "Сарҳадчӣ"

 

      Дар даври дуюми ченпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм "Минтақаи Хатлон" дастаи "Сарҳадчӣ" дар майдони худ тими "Мунк"-и ноҳияи Ховалингро ба меҳмонӣ пазируфт. Бозӣ аз оғоз то интиҳо бо бартарии комили соҳибони майдон сурат гирифта, онҳо бо ҳисоби бузурги 6-1 дастболо гардиданд. Тубҳоро аз дастаи "Сарҳадчӣ" Шоҳзамон Ҳоҷиев-3 то, Хайриддин Умаров, Юсуф Султонов ва Искандар Шамсзода ба нишон расониданд.

     Дастаи "Сарҳадчӣ" барои соҳиб гардидан ба яке аз роҳхатҳои бозиҳои ниҳоии лигаи дуюми минтақаи Хатлон бо рақибони пурзури худ- дастаҳои "Сомон" (ноҳияи Данғара) ва "Барқ"  (шаҳри Норак) мубориза мебарад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.