Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории ситоди ноҳиявии ҳизбӣ

    Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзоёни ситод баргузор гардид.

   Ситод таҳти Раёсати раиси ситоди ноҳиявӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода баргузор гардид. Ҳайати ситод дар ҳайати 28 нафар тасдиқ гардида, нақшаи кории ситод тасдиқ карда шуд. Аъзоёни ситод вазифадор гардиданд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар деҳаю маҳалаҳо бо сокинон ба роҳ монанд.

   Раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар маҷлис баромад карда, оиди вазифаҳои гурӯҳои таблиғотӣ сухани муфассал намуда, вазифаҳои навбатии гурӯҳи таблиғотиро дар давраи пеш аз интихобот иброз намуданд. 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.