Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қабули муроҷиати шаҳрвандон

       Дар рўзи қабули раиси ноҳия ( шанбе, 12. 09.2020) корафтодагони зиёде барои ҳоҷати хеш баровардан ба назди раис омаданд. Раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҳар як корафтодаро қабул намуда, ба қадри дастрасаш  ҳоҷаташонро қонеъ мегардонд. Ба роҳбарони мутасаддии ҳалли масъалаҳои ба онҳо вобастабуда,  барои дар сари вақт қонеъ гардондани онҳо супориши мушаххас дод.  Корафтодагон аслан дар бораи замини наздиҳавлигӣ,  сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаашон, баҳси ҳамсоягӣ оиди аз рўйи қоида  тақсим намудани замин, оиди аз рўйи меъёраш сар надодани оби полезӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд. Корафтодагон аз назди раис қаноатманд рафтанд. 

Маркази матбуотии раиси ноҳия

  

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.