Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Семинари омӯзишӣ

 

      Дар толори маҷлисгузаронии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 семинари омӯзишӣ "Оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар Семинари омӯзишӣ раисони участкаҳои интихоботӣ ва котибони участкаҳои интихоботӣ иштирок доштанд.

    Дар семинари омӯзишӣ раиси ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-№59 Маҳдӣ Орифзода ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия А. Самиев суханронӣ карда, роҷъ ба тарзи шаффоф ва демократӣ маҷро гирифтани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маслиҳатҳо доданд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

  

 

 

 

   

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.