Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Тамоку ва зарари он

        Ҳануз аз солҳои 1950-уми асри гузашта аз тарафи олимон тасдиқ шудааст, ки истифодаи тамоку ба марг оварда мерасонад. Аз ин рў Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мубориза бо тамокуро дар тамоми кишварҳо пурзур намуд.

        Ҳамчунин беш аз шаш сол аст, ки дар кишварамон Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» амал карда истодааст.   

         Дар бораи зарари тамоку бисёр навиштаанду гуфтаанд. Аммо имрўз зарурати бори дигар ба диққати мардум расонидани ин мавзўъ ба миён омадааст. Набояд аз хотир баровард, ки дуди тамоку, яъне сигор барои саломатии инсон хатари зиёд дорад. Таркиби он аз моддаҳои химиявии заҳрнок, марги муш, формалдегид, консерогенҳо иборат мебошад. Дуди сигор на танҳо ба сигоркашон, балки ба шахсоне, ки онро нафас мекашанд, низ зараровар мебошад. Нафас кашидани дуди сигор ба бемориҳои системаи дилу рагҳо мусоидат намуда, ба маҳкамшавии рагҳои хунгард, ба вуҷуд овардани диққи нафас оварда мерасонад.

         Тибқи омори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз дуди сигор ба бемориҳои сабуки роҳҳои нафаскашӣ, бемории диққи нафас, бемории дил, саратони шуш, ҳамчунин саратони ғадуди сина низ гирифтор шудани ҳам калонсолон ва ҳам кудакон баръалост. Занҳои ҳомилае, ки тамоку мекашанд, ҳаёти худу тифли дар батнашон бударо зери хатар мегузоранд. Яъне онҳоро кудакпартоӣ, мурда таваллуд кардани тифл, таваллуди бармаҳал ва бо вазни ками бадан интизор аст. Ҳамчунин дар онҳо пайдо шудани бемориҳои музмини дар давоми ҳаёт идомаёбанда таҳдид мекунад. Тифлоне, ки дар батн пайдо мешаванд, агар падарони онҳо сигоркаш бошанд, аз ҷиҳати инкишофи руҳӣ, равонӣ ва ҷисмонӣ таъсири манфӣ мегиранд ва ба оризаҳои баъди таваллуд, ба монанди саратони кўдакона, бемориҳои ирсӣ, сактаи ҷисмонии қалб гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест.

         Нос низ чун маҳсулоти тамокугӣ бештар ба даҳон ва дигар узвҳои нафаскашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Решаҳои дандон аз таъсири нос баднамуду бемор шуда, худи дандонҳо зард ва  бармаҳал афтидану вайроншавиашон ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин, гулў, меъда ва баъзан рўдаҳо низ ба маризӣ дучор мешаванд.

         Барои он, ки худ, аҳли оила ва атрофиёнро ба чунин ҳолатҳое, ки номбар кардем, гирифтор насозем, аз истифодаи сигор, нос худдорӣ намоед. Роҳҳои пешгирӣ аз сигоркашӣ ва нос бисёранд, аммо асосиаш иродаи мустаҳкам лозим асту халос. «Ман сигорро партофта наметавонам», «Бе нос аҳволам бад мешавад» гуфтани сигору носкашҳо асос надорад. Бо вуҷуди ин ба чунин нафарон тавсия дода мешавад, ки барои сари вақт аз одатҳои бади сигору носкашӣ даст кашидан ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат намоянд. Дар муассисаҳои тиббӣ ба онҳо мефаҳмонанд, ки чи тавр аз сигору носкашӣ даст кашидан мумкин аст.

         Ба падару модарон, муаллимон тавсия медиҳем, ки дар байни наврасону ҷавонон оид ба зарарҳои сигору нос ва хатари онҳо ба саломатию инкишофи ақлонии одам мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро аз шишту хез бо нафарони сигору носкаш, хариду фуруши сигор, нос манъ намоянд.

          Воситаи муҳими пешгирии наврасон ва ҷавонон аз майл кардани онҳо ба сигору тамокукашӣ дидани чораҳои дастаҷамъонаи оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳеҷ кас дар ин маврид бояд бетарафӣ зоҳир накунад.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ