Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия

Дар ҷаласаи доир гардидаи раиси ноҳия масъалаҳои муҳими руз баррасӣ гардид. Пеш аз ҳама раиси ноҳия ба масъалаи ҷамъоварии маблагҳои андоз барои моҳи октябр, чиниши пахта ва супоридани он ба корхонаҳо, омода намудани техникаҳои шудгоркунанда барои кишти тирамоҳӣ, пешниҳоди нақшаи дурнамои кишти тирамоҳӣ дар ҷамоатҳо, пешниҳоди маълумоти дақиқ оиди истифодабарии тракторҳои дар тавозуни Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳ буда ва дигар лоиҳаҳо, таҳияи нақшаи коркарди каналу ҷуйборҳо тариқи механизму дастӣ, пешниҳоди маълумот оид ба иншоотҳои ҷашнӣ дар моҳи ноябр ба истифодадодашаванда ва иҷрои нақшаи саривақтии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ. Ҷиҳати амалишавии масъалаҳои номбурда раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба шахсони масъул дастуру супоришҳои муфид дод.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.