Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲА

       Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрўз бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мудири шуъбаи қабули муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек, раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади фаъолони ноҳия доир гардид, ки дар он натиҷаҳои бадастовардаи  заҳматкашони ноҳия давоми 9 моҳи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 муовини якуми раиси ноҳия Алихон Холиқов баромад намуд.

Баъдан, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода доири масъалаи мазкур ва камбудиҳои ҷойдошта дар ҳар бахшу соҳа аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва дигар масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли онҳо маслиҳатҳои муфит доданд.

Бо назардошти ҳисоботҳои таҳлилӣ ва пешниҳоду таклифҳо доири масъалаҳои мубрами рўз қарори дахлдор қабул гардид.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.