Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дастгирии муҳоҷирони экологӣ

      Бахши  Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар асоси қарори раиси ноҳия аз 27.01.2017, таҳти №66 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 27.12.2016, таҳти №276 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, таҳти №506 “Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020” ва хулосаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, дар давоми моҳи июли соли равон, чор оилаи  муҳоҷирони экологии ноҳия бо замини наздиҳавлигӣ, қарзи мтиёзнок ва кӯмаки яквақтаи бебозгашт таъмин гардиданд. Аз ин шумора алакай як оила бо пуррагӣ хона сохта, ба мавзеи нав кӯчиданд, як оилаи дигар таҳкурсӣ рехта, ду оилаи дигар бошад омодаи сохтмони манзил мебошанд.

      Маблағи баргардонидаи қарзи имтиёзноки муҳоҷирони экологии солҳои 2007-2014 бошад, ба имрӯз 10673 сомонӣ баргардонида, ба суратҳисоби бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

 Мудири бахш:    Шайдуллоева Г        

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ