Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Корҳои сохтмону васлкорӣ дар ноҳия беҳтар мегардад

      Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 23 миллиону 925,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 18 миллиону 244,3 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра ба андозаи 2 миллиону 745,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 4231 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

      Корҳои пудратии иҷрошуда аз тарафи ташкилотҳои сохтмонии ноҳия 2 миллиону 622,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, зиёд мебошад.

      Оид ба мунтазам роҳандозӣ намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳои ташкили ҳашарҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, сохтмони идораҳои маъмурӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиќлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот дар ноҳия чораҳои зарурӣ  амалӣ гардида истодааст.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ