Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАРИ БОҒПАРВАРОН

          Дар заминаи боғҳои бунёдкардаи хоҷагии деҳқонии « Асомуддин», ( аз Ҷамоати деҳоти  Қаҳрамон),  бо иштироки раиси  ноҳия, муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  семинари боғпарварони ноҳия баргузор гардид. Дар семинар  академики Академияи институти зироаткории Тоҷикистон,  профессор Ҳикматулло Назарзода дар мавзўи « Рушди соҳаи боғдорӣ  дар таъмини  амнияти озуқавории мамлакат»  баромад намуда, дар  бобати баланд бардоштани соҳаи боғдорӣ ва тарзи шинондану нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда дар боғҳо ба боғпарварон  маслиҳатҳои муфид дод.

         Дар семинар қайд карда шуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  бунёди боғҳо  дар мамлакат эътибори махсус медиҳад. Ва ҳамвора  таъкид мекунад, ки  дар заминҳои ғайрикишоварзӣ бунёди боғҳо боиси баланд шудани некўаҳволии меҳнаткашон мегардад. Чунин семинарҳо   барои боз ҳам баланд бардоштани донишу таҷрибаи боғпарварон кўмаки асосӣ мерасонад.

      Дар семинар мўҳтарам Бозоралӣ Одиназода баромад намуда, ба ташкилкунандагони  чунин як семинари муфид изҳори қаноатмандӣ намуд. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

                                                                       

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.