Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

         Дар ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корҳо ба сомон расонида шуданд. Имрўз дар ин ҷо сараввал намоиши дастовардҳои заҳматкашони хоҷагиҳои ҷамоат доир гардид. Баъдан, бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода 2 мағозаи хўрокворӣ, маркази хизматрасонӣ, ҷойи шустушўйи нақлиёт, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

**********************

         Ҳамин рўз, яъне 18 ноябр дар ҷамоати деҳоти «Даштигуло» раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода лентаи рамзии маркази хизматрасониро бурида, онро мавриди истифодабарии аҳолии деҳот қарор доданд.

 

***************************

         Дар ҷамоати деҳоти «Панҷрўд» раиси ноҳия як маркази хизматрасониро бо ҷойи шустушўйи нақлиёт, сехи коркарди ҷуворимакка ифтитоҳ намуданд.

 

*******************

         Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар ҷамоати шаҳрак як мағозаи хўрокворӣ ва 2 маркази хизматрасонӣ- сартарошхона, нуқтаи омода намудани хўрок (тезтайёр), дар ошёнаи дуюм ошхонаи миллиро мавриди истифода қарор доданд.

         Зимни ифтитоҳи мағозаву марказои хизматрасонӣ раиси ноҳия бо аҳли заҳмати ҷамоатҳо суҳбату вохўриҳо анҷом дода, онҳоро ба корҳои ободкориву созандагӣ ҳидоят намуданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

  

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.