Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ аз сӯхтор

     Дар қисми мустақили 53-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳолати  бехатарӣ аз сўхтори иншоотҳои хоҷагии халқи ноҳия, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ҳифз намудани моликияти давлатию ҷамъиятӣ ва ҳаёти шаҳрвандон аз коми оташ як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.

     Дар ноҳия давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 8 ҳодисаи сухтор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари он 103 ҳазору 900 сомонӣ ва молу амволи аз коми оташ эминдошта бошад 740 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.                               

     Дар ин давра бо мақсади риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ба 6 ҳазору 950 нафар шаҳрвандон дар хонаҳои истиқоматиашон омўзиш гузаронида шуд. Айни замон дар қисми ҳарбикунонидашудаи хадамот 3 автомашинаи оташнишонӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд, ки метавонанд дар ҳама вақт ба ҷойи ҳодисаи сўхтор баромада оташро хомўш намоянд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ