Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Иқдоми ободкорӣ

 

       Бо мақсади татбиқи  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва таъмири иншоотҳои тиббӣ, таъмини заминаи моддиву техникӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дар ноҳия  корҳои назаррас бо маром идома дорад.

       Бо назардошти ин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷобиров Абдулазиз таъмири асосии шуъбаи таваллуди беморхонаи деҳотии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оғоз гардида, мувофиқи нақша моҳи сентябри соли равон дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Инчунин, соҳибкор тасмим гирифтааст, ки баъд аз таъмир беморхонаро бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин намояд.

       Ҳамзамон, беморхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори дигари маҳаллӣ Буйдоқов Абдусаттор бо автомашинаи ёрии таъҷилӣ таъмин мегардад.

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ