Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Нишасти матбуотии раиси ноҳия

           Имрўз 6 августи соли 2018  дар толори маҷлисгоҳи  шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  ҷиҳати  амалӣ намудани Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №1729 аз 15-уми сентябри соли  2012 ва тибқи  нақшаи таҳрезинамудаи мақомоти  иқроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  оид ба “Ташкил ва гузаронидани  нишасти  матбуотӣ бо  роҳбарони  идораҳо, ташкилотҳо  ва  муассисаҳои вилоят оид ба ҷамъбасти  нимсолаи якуми соли 2018” бо иштироки  раиси ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам  Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

            Раиси ноҳия сараввал  дар назди ҳозирин оид ба  натиҷаҳои рушди  иқтисодию иҷтимоии  ноҳия  дар  нимсолаи дуюми соли 2018  ва вазифаҳои  навбатӣ  ба  рўзноманигорон  мухтасар  маълумот  дод.

           Дар  рафти нишасти матбуотӣ  байни масъулини  шуъбаву  бахшҳо,  ташкилоту  идора  ва  муассисаҳои ноҳиявӣ  ва  ҷамъи  намояндагони воситаҳои ахбори омма  мубодилаи саволу ҷавоб сурат гирифт.

          Тули зиёда  аз як соат раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия,  роҳбарони   сохторҳои   дахлдори   ноҳиявӣ  ба зиёда аз 20 саволи намояндагони ВАО вобаста ба ҷамъбасти   тараққиёти иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои дахлдори хоҷагии халқи ноҳия  дар нимсолаи дуюми  соли  2018 посух доданд. Саволҳои хабарнигоронро  асосан  масъалаҳои кишоварзӣ,    андоз  ва бақияпулиҳои  андоз,   таъмири  муассисаҳои  таълимӣ, тандурустӣ,  таъмини  либосҳои мактабӣ, вазъи  муассисаҳои  фарҳангӣ  дар деҳот, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ,  вазъи хоҷагидорӣ ва  кадрии хоҷагии  “Моҳипарварӣ”, вазъи фаъолияти  корхонаҳои  саноатӣ дар  ноҳия, ҳифзи  сарҳад  ва  дигар   масъалаҳои  марбут  ба соҳаҳои  иқтисодию  иҷтимоии   ноҳия ташкил   доданд.

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ