Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси ҳисоботӣ дар Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»

          Дирўз  дар  толори  маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №12   бо  иштироки  раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат  ва  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳаёт Одинаев вохўрӣ  доир  гардид. Дар ҷамъомад  намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, кормандони клубу китобхона,  марказҳои  саломатӣ,  бунгоҳҳои  тиббӣ,  соҳибкорон,  имомхатибони масҷидҳо,   раисони  маҳаллаҳо, роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  фаъолон  иштирок  намуданд.  Ҷамъомадро   раиси  ноҳия  ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба   вакил  Ҳаёт  Одинаев  дод  ва ў    аз ҳадафҳо,   дастуру супоришҳо ва сиёсати ғамхоронаи   Пешвои муаззами  миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон  баҳри    истифодаи  оқилонаи  неруи  барқ,  оиди саноатикунонии  босуръати кишвар,  самарабахш истифода бурдани  заминҳои  наздиҳавлигӣ,  беҳтар ташкил намудани  ҷараёни   таълиму  тарбия  ва    истиқболи  сазовори  ҷашни   30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  баромад   кард.

        Баъди  баромади  вакил   раиси Ҷамоати  деҳоти «Қаҳрамон» Исмоил Гадоев   оид ба  фаъолияти  Ҷамоат  дар соли  гузашта  ҳисоботи  хешро  манзури ҳозирин  намуд.  

        Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ,  раиси  ноҳия муҳтарам Б.Одиназода  баъди  шунидани ҳисобот аз  масъулини Ҷамоат, директорони мактабҳо,  аҳли фарҳангиён,  бахши тандурустӣ  пурсиш  ба  амал  оварда,  ҳамаи  соҳаҳои  зикршударо  мавриди   таҳлили ҷиддӣ   қарор  доданд.

          Дар интиҳо раиси  ноҳия  баҳри  ислоҳи  камбудиҳои ҷойдошта    ба  масъулин  дастуру  супоришҳо дода, ба 22  нафар     пешқадамони  истеҳсолот ва соҳибкорони саховатпеша  тўҳфаҳои  молию   сипоснома    супорид.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.