Дирўз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 Ҷамоати деҳоти Панҷоб бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ҷамъомад доир гардид. Дар маҷлис намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, кормандони клубу китобхона, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, соҳибкорон, имомхатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони Ҷамоат иштирок намуданд. Раиси Ҷамоати деҳоти Панҷоб Тоҳир Рафиев оид ба фаъолияти Ҷамоат дар соли гузашта ҳисоботи хешро манзури ҳозирин намуд.
Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода баъди шунидани ҳисобот аз кормандони Ҷамоат, директорони мактабҳо, аҳли фарҳанг, бахши тандурустӣ пурсиш ба амал оварда, ҳамаи соҳаҳои зикршударо мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, ба масъулин чунин супоришҳо доданд:
- Раиси Ҷамоат Т. Рафиев вазифадор карда шуд, ки дарвозаи даромадгоҳи Ҷамоатро аз рўи лоиҳаи нав таъмиру азнавсозӣ намояд.
- Дар ҳудуди Ҷамоат ба рафти корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза бахшида, оид ба сафари кории Президенти мамлакат, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар назар аст, омодагии ҷиддӣ бинанд.
- Ба раиси Ҷамоат супорида шуд, ки аз рафти фаъолияти хоҷагии моҳипарварии «Нодира» бохабар шуда, мусоидат намояд то хоҷагии мазкур ҳисоботҳои омории худро сари вақт супорад.
- Раиси Ҷамоат ва кормандони он вазифадор карда шаванд, ки дар соли 2021 на кам аз 30 ҷойи корӣ ташкил намоянд.
- Барои зиёд намудани қуттиҳои шартӣ аз тарафи шаҳрвандон назорат намуда, мусоидат намоянд, то шумораи қуттиҳои шартӣ нисбати соли гузашта бештар шавад.
- Супориш дода шуд, ки нисбати 5 адад хоҷагиҳои деҳқоние, ки ҳисоботи 1 –и фермериро то ҳол дар шуъбаи Омор насупоридаанд то 15.01.2021 муҳлат дода шавад.
Дар интиҳо раиси ноҳия фаъолияти Ҷамоатро дар соли 2020 қаноатбахш ҳисобида, ба 7 нафар пешқадамони истеҳсолот ва соҳибкорони саховатпеша тўҳфаҳои молию сипоснома тақдим намуд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
, 

