Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз маҷлиси ҳисоботии деҳоти ба номи С.Турдиев

       Бо  иштироки  раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат  ва  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, 35  Ҳаёт Одинаев дар  толори  маҷлисгоҳи мактаби  №9  Ҷамоати деҳоти ба  номи  С.Турдиев  вохўрӣ  доир  гардид. Дар ҷамъомад  намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия, роҳбарони дахлдори  ташкилоту  муассисаҳои ноҳиявӣ, кормандони аҳли фарҳанги ҷамоат, намояндагони  марказҳои  саломатӣ,  бунгоҳҳои  тиббӣ,  соҳибкорон,    раисони  маҳаллаҳо, имомохатибони  масҷидҳо, роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  шаҳрвандони  Ҷамоат   иштирок  намуданд.            

       Раиси ноҳия ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба   муҳтарам   Ҳаёт  Одинаев  дод  ва ў    аз ҳадафҳои  пешгирифтаи  Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои  бевоситаи Сарвари  давлат,  доири  сарфакорона  истифода  намудани неруи  барқ,  оиди саноатикунонии  босуръати кишвар,  самарабахш истифода бурдани  заминҳои  наздиҳавлигӣ,  дастгирии  ҷавонон дар ҳамаи  бахшҳои хоҷагӣ,   баланд  бардоштани  сатҳи  таълиму  тарбия  ва  сазовор  истиқбол  намудани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  баромад   намуд.

      Сипас   раиси Ҷамоати  деҳоти ба  номи С.Турдиев   Набихон Набиев    дар  бораи  дастовардҳо ва фаъолияти    Ҷамоат  дар соли  рафта  ҳисобот  дод.  

      Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ,  раиси  ноҳия муҳтарам Б.Одиназода  баъди  шунидани ҳисобот аз  масъулини Ҷамоат, директорони муассисаҳои таълими,  аҳли фарҳанг,  бахши тандурустӣ  пурсиш  ба  амал  оварда,  ҳамаи  соҳаҳои  зикршударо  мавриди   таҳлили ҷиддӣ   қарор  доданд.

     Дар  охир раиси  ноҳия  баҳри  ислоҳи  камбудию  норасоиҳои мавҷуда  ба  раиси Ҷамоат ва кормандони  он  дастуру  супоришҳо дода, ба 4  нафар  пешқадамони  истеҳсолот  ва  соҳибкорони саховатпеша   тўҳфаҳои  пулӣ  ва     сипоснома    тақдим намуд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.