Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ РЎЗ

    Дар ҷамъомади доиргардидаи назди раис як қатор масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Масъалаи нахустини ҷамъомад, ин масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи январ буд ва раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода доири масъалаи мазкур ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    Раиси ноҳия ба масъулину мутахассисони соҳа ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои пурра ба анҷом расонидани шудгори заминҳои пахта, ба охир расонидани тақсимоти таркиби кишти зироатҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ; ба роҳ мондани нармкунии бехи дарахтони боғҳо ва ҷалби хоҷагиҳои боғпарвар дар ин самт; вусъат додани корҳо аз рўйи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди маълумот ҳар рўзи ҷумъа ба ситоди ноҳиявӣ; вусъат додани корҳо дар самти шинонидани дарахтон дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти   ноҳия;  пешниҳоди рўйхати иншоотҳои иловагии ҷашнӣ, ки дар соли 2021 ба истифода дода мешаванд; пешниҳоди маълумот оид ба фаъолияти кружокҳои фаннӣ ва китобхонии хонандагон дар давраи таътили зимистона; пешниҳоди маълумот оид ба ҷамъбасти баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар байни хонандагон; омодагӣ ба баргузории маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 ҷиҳати иҷроиши масъалаҳои рўзмарра дастуру супоришҳо дода, таъкид намуданд, ки ҳар як масъулин бояд кори ба ў вобастаро аз рўйи инсофу масъулиятшиносӣ адо намояд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.