Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷмуаи нави ашъори устод Алимуҳаммад Муродӣ аз чоп баромад.

         Ба   дўстдорон, ихлосмандон ва хонандагони хушзавқи шоири навҷўю навовар ва соҳибсалиқа, дорандаи Ҷоизаҳои ба номи М.Турсунзода ва Ш. Шоҳин, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Алимуҳаммад Муродӣ  муждаи нек  мерасонем, ки маҷмуаи ашъори нави ин  шоири ҳамаписанд бо номи « Шафақи шом» аз чоп баромада, дастраси  ҳаводорони шеъри тозаю ноб  гардид. Дар китоб шеърҳои наве, ки маҳсули хомаи сухангўйи  солҳои охири устод  мебошанд, ҷо карда  шудаанд, ки басе пурмухою хонданбоб  буда, чун шеърҳои қаблиаш фаврӣ дар қалби хонандаи нозуксанҷ ҷои худро пайдо мекунанд. Китоб аз  панҷ кисм иборат буда, ҳар қисм  мазмуну мундариҷа  ва муҳтавои худро дар бар гирифтааст, ки басе  дилписанданду дилкаш. Хонанда дар китоб ба қисмҳои  « Зиндагист чу офтобниҳол, офтобисту борон дорад», «Шикасти  шишаи ҳар дил садои дигаре дорад», « Дар фаҳмиши ту ҷо намешавад олами мо, дар коса накун талоши ғунҷондани баҳр», « Дар пайгаҳи зиндагӣ чунон бояд буд, марг аз паси ту давад, на ту аз паси марг», « Ҷойгаҳи Алимуҳаммад Муродӣ дар адабиёти муосири  форсу тоҷик» шинос шуда, бузургии устоди суханро бори дигар дар адабиёти имрўзаи  форсизабонон  дармеёбад. Дар ин қисми охир  гуфтаҳои адибони  форсизабони  оламро, ки  ба ашъори гаронмояи ин шоири ҳамаписанд тавассути расонаҳои хабарӣ шинос шудаанду  баҳои беғаразонаи худро ба офаридаҳо ў додаанд, шинос мешавад. Мо  як гуфтаро аз ин шоирони барҷастаи имрўза   ҳамчун  як гуле аз гулзори ин гуфтаҳо бароятон пешкаш мекунем:  Масъуд Халилӣ ( писари яке аз машҳуртарин  форсизабонони  қарни гузашта устод Халиллулоҳт Халилӣ), ки  аз чеҳраҳои маъруфи адабӣ  ва фарҳангии   Афғонистони муосир мебошад, шеърҳои навоваронави устодро сифот карда, дар ҳошияи шеъри  устод Алимуҳаммад Муродӣ «Чу меоӣ дигар ҷон дар либоси тан намеғунҷад» устод Халилӣ чунин нигоштааст: « Азони бомдодам шарфаи пои қадамҳоят…» -Чӣ зебо мисраест ва чӣ дилкаш ғазале! Аз ман ба устод Муродӣ муҳаббатҳо бирасонед!».     Устод худ  низ дар ин росто-дар бораи шеърҳои бо хуни дил рўйи сафҳа овардааш менигорад:

                                         Сатрҳои дардмандам,

                                        Сатрҳои сактадорам,

                                        Дардатон дарди тани ман,

                                        Сактаҳотон сактаи қалби мананд.

          Муҳаррири китоб  ҳамсинфи давраи мактабхонии  устод  Алимуҳаммад  Муродӣ, яке аз олимони барҷастаи адабиёти имрўзаи тоҷик, профессор Аламхон Кўчаров мебошад.

      Абдуҳалим Салимзода.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.