Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БОЗ СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ ОШКОР ГАШТ

    Ҳуҷуми ноҷавонмардона ва мудҳиши  гурӯҳи  мусаллаҳи ҷинояткорони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар ҳудуди деҳаи Сафобахши дуҳоти  Оқсуи ноҳияи Данғара, ки санаи 29 июли рух додаст ва бо ҳалокати сайёҳони ҳориҷӣ анҷом ёфт, боз як бори дигар симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро барои ҳамагон кушода, мақсаду мароми душманонаи онҳоро ифшо  ва тасдиқ намуд, ки ин ҳизб дар ҳақиқат ташкилоти экстримистӣ ва террористӣ мебошад.

    Маълум гаштааст, ки роҳбари гурӯҳи мазкур Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович  дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ ва ҳарбӣ диверсионӣ гирифта, бо роҳи байъат ба ТЭТ ҲНИ  шомил гардидааст. Натиҷаи таълими гирифтаи ӯ дар ш. Қум ва таъсиру ибрати бародараш Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович, ки ҳоли ҳозир барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстримистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад, ба он оварда расонид, ки ин шахс ба халқу миллаташ хиёнат намуда, бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ даст ба ҷинояти вазнин  занад. Бар замми ин, чандин ҷавонони синнашон 20-21, ки хешу табораш мебошанд, ба доми фиреби худ андохта, онҳоро низ гумроҳ ва ҷавонмарг намуд. Ин аст таълимоти ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони онҳо.

     Президенти мо бесабаб такрор ба такрор таъкид намекунанд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, вагарна душманон мехоҳанд ва мақсад доранд, ки замини муқаддаси моро боз як бори дигар хунолуд гардонида, ҳаёти тинҷу осоиштаи ҷомеаро ноором созанд ва барои ин ба ҳама кор тайёр ҳастанд.

     Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъу ҳаёти Тоҷикистони имрӯзаро  хуб медонад, ки сулҳу салоҳ пойдор аст ва мардуми мо ҳама вақт меҳмондӯсту меҳмоннавоз буданд ва мебошанд. Дарҳои мо ҳамеша  барои меҳмонон кушода аст ва ин ҳодиса наметавонад, он меҳру муҳаббати самимона ва поку софи мардуми  тоҷикро дар дилҳои меҳмонон ва зоирони Тоҷикистон коста гардонад ва моро зарур аст, ки ҷиҳати рушду пешравии кишварамон дар самти татбиқи босамари сиёсати одилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсаф ва ҳамқадам бошем.

       Аз номи намозгузорон ва ходимони масҷиди ҷомеи «Нури Ислом» ба аҳли хонавода ва наздикони ҷонбохтагон изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи парвардигори олам барои онҳо сабри ҷамил таманно менамоем.      

Бознашр аз http://www.din.tj

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ