Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

                                                    

           Имрӯз дар толори маҷлисгузаронии  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳия бо иштироки   васоити ахбори омма  нишасти  матбуотӣ доир гардид.

        Нишасти матбуотии риси ноҳия, узви Мачлиси Миллии маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода бо кормандони ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд  ва якдигарфаҳмӣ маҷро гирифт. Дар нишасти матбуотии имсола  кормандони ахбори умум аз рўзномаю маҷаллаҳо ва радиою телевизтиони ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Рўзноманигорон   ба раиси ноҳия саволҳои зиёде дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Саволҳо асосан оиди камбудию муваффақиятҳои ба даст оваврдаи меҳнаткашони ноҳия дар давоми соли  сипаригашта буданд. Раис ба саволу пурсишҳо ҷавоби саҳеҳ дода дар навбати худ ибрози ақида намуд, ки меҳнаткашони ноҳия имсол 70-солагии ташкилёбии ноҳияашонро дар рўҳияи баланди меҳнатӣ таҷлил карданд. Меҳнаткашони ноҳия соли рафта суботкорона ва бо ғайрати дучанд меҳнат намуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ  ба комёбию муваффақиятҳои дидарас  ноил гардида, нақшаҳои дурнаморо барзиёд ба иҷро расонданд. Нақшаи ба зимма гирифтаи маҳсулотҳои  кишоварзӣ ва саноат дучанд сомон ёфт. Дар ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар сатҳи баланд идома доранд. Бо дастгири ва мадади ҷавонмардони саховатпешаву эҳсонкор ва хайрхоҳ даҳҳо километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта сангфаршу асфалтпўш карда шуданд. Роҳи калони мошингарди марказ  то сарҳади ноҳия  (сўйи шаҳри Душанбе) бо дарозии зиёда аз 17 километр бо сифати баланд асфалтпўш  карда шуд. Бо ташаббуси соҳибкорони муваффақ дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия мағозаҳои ниёзи мардум, дорухонаҳо, ҷойи таъмири мошинҳо, сехҳои дўзандагӣ сохта шуданд. Тафоввути байни шаҳр ва деҳа торафт кам шуда истодааст. Ин амалҳои нек аз беҳтару накўтар шудани зиндагии мардум шаҳодат медиҳанд.   

          Аҳли рўзноманигорони ба нишасти матбуотӣ омада (зиёда аз 44 нафар дар якҷоягӣ бо наворбардорони телевизион)  аз ҷавобҳои раиси ноҳия қаноатманд гаштанд. Нишасти матбуотӣ дар рўҳияи баланди якдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.