Гузаштагонамон барҳақ гуфтаанд:
Бикун некиву андар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
Дасти кушоду саховатпешагӣ дар зиндагӣ ҳамвора ёвару ёрирасони ҳар як ҷавонмард аст. Инро мардуми саховатпешаву дасткушод ва эҳсонкори мо дар зиндагиву муваффақиятҳои худ борҳо исбот кардаанд. Мошинаи «Ёрии таъҷилӣ»- еро, ки шумо дар сурат мебинед, ҷавонмарди дасткушод, соҳибкори муваффақ, парвардаи ин ноҳияи мардумонаш сарбаланд Алимов Илҳомҷон Бойматович ба беморхонаи марказии ноҳия тўҳфа кардааст.
Ташаккури зиёде ба ту, эй ҷавонмарди ватандўсту олиҳиммат!
Маркази матбуоти раиси ноҳия
