Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НИЗОМИЁН ДАР ОСОРХОНА

 

           Афсарону аскарони  қисми сархадии дар ҳимояи марзи Ватанамон буда, аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дидан карданд. Онҳо нигораҳои дар осорхон ба марази тамошо гузоштаро   тамошо карда, ба таърихи қадимаи мардумони дар ҳудуди ноҳия зиндагӣ мекардагӣ аз наздик  шинос гардиданд. Ба  низомиён махсусан шуъбаи таърихии осорхона, ки  он аз таърихи ноҳия, шуғли мардумони он, ҳунарҳои дастии ниёгонамон  мураттаб шудааст басо писанд омад. Омадагон дар баробари ин боз  ба он шахсиятҳое, ки дар обод гардондани ин ноҳияи навбунёд ҳисса гузоштаанд, аз наздик шинос шуданд.

           - Танҳо соли рафта, дар арафаи ҷашни 70- солагии таъсисёбии ноҳия садҳо нафар ба осорхона омада, тамоми шуъбаҳои онро тамошо карданд. Инро низ қайд карданиам, ки  осорхонаамон сол аз сол аз нигораҳои нав  пурра мегардад. Мо барои тамошои  мизоҷонамон тамоми шароитҳоро фароҳам меорем,-гуфт зимни суҳбат директори  осорхонаи  таърихӣ-кишваршиносии ноҳия Ш. Раҳимов.

            Қобили қайд аст, ки дар ноҳия сохтмони бинои нави осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бо тарҳи  нави ҳозиразамон  бо суръати баланд  идома дорад ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба истифода дода мешавад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.