Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАЗОРАТ АЗ БОЛИ ИҶРОИ КОРҲО ПУРЗЎР АСТ

 

        Рўзи душанбе маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар он бисёр масъалаҳои муҳими рўз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

        Масъалаи аввали рўзнома- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи феврал буд ва раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷиҳати иҷроиши саривақтии маблағҳои андоз аз масъулини соҳа пурсиш намуда, супориш доданд, ки нақшаи ҷамъоварии андоз бояд сад дар сад таъмин карда шавад.

        Раиси ноҳия оиди масъалаҳои дидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти картошка аз рӯи Дурнамои тасдиқгардида дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоатҳои деҳот ; диққати ҷиддӣ додан ба кишти сабзавот, бахусус пиёз ва сабзӣ тибқи нақшаи Дурнамо; нигоҳубини дурусти заминҳои кишти ғалла, озуқадиҳӣ ва обмонии онҳо; дуруст ба роҳ мондани кори нигоҳубини боғҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пурра сафед кардани пояи дарахтони боғҳо аз масъулини бахши кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо пурсон шуда, ба онҳо ҷиҳати дар сари вақт ба иҷро расонидани корҳои ба зиммаашон буда, супоришҳои мушаххас доданд. Айни ҳол дар саросари кишвар ва ноҳияамон вақти вусъат додани корҳои кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин кор шахсони мутасаддӣ бояд ҳисси масъулиятшиносӣ нишон диҳанд ва  роҳбари ноҳия аз масъулин талаб кард, ки  кабудизоркунию гулшинонӣ дар сатҳи баланд дар ҳамаи ҷамоатҳо анҷом дода шавад.

       Раиси ноҳия аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва раисиони ҷамоатҳои дахлдор ҷиҳати рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ва пешниҳоди маълумоти ҳамарӯза оид ба иҷрои корҳо аз нафарони масъул пурсиш ба амал овард, таъкид намуд, ки аз вақти муносиб самаранок истифода баранд ва нақшаи чорабиниҳои мураттабгардида ва ба зиммашон бударо бо сифати баланд ба сомон расонанд.

       Ҳамчунин, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода аз нафарони масъул оиди дигар масъалаҳои мубрами рўз-  андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор дар ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдои ноҳия, бахусус бозори марказӣ, насб намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдои бозори марказии ноҳия, пешниҳоди маълумот оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, омода намудани мутахассисон барои истифодаи асбоби муоинавии гастроскапия дар КАТС (маркази саломатӣ), дуруст ба роҳ мондани фаъолияти масҷиди марказии ноҳия ва фаъол намудани суратҳисоби бонкии он, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ дар МТМУ ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузор намудани чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва «Чакомаи гесӯ» аз рӯи Барномаи пешниҳодшуда, пешниҳоди маълумоти аниқ дар бораи сафарбаркунии ҷавонони синни даъватӣ ба курсҳои омӯзишӣ ва тақсимоти даъватномаҳо ба онҳо пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда, ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳо, сохторҳо, раисони ҷамоатҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалӣ намудани корҳои ба зимма буда ва ҳалли масъалаҳои дар рўзномаи ҷамъомади назоратӣ буда, ҳарчи бештар фаъол бошанд. Барои иҷроиши корҳо раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.