Имрӯз, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи "Модар" бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисон ва намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҷумла, занону модарон иштирок намуданд.
Ба чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли занону модарон ва сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфанд. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия занону модароне, ки пайваста дар соҳаҳои мухталифи ноҳия пайваста заҳмат мекашанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия хотири аҳли толорро болида гардонид.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ