Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ НАВРЎЗ ДАР НОҲИЯ

      Меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ  иди баҳору зебо - Наврўзи хуҷастапайро зери садои дафу чанг, суруду рақсҳои дилнишини таҷлил намуданд. Майдони васеи назди мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳия, ки ҳаматарафаю ботароватона зебу оро дода шуда буд, садҳо сокинони ноҳияро ба ҳам овард. Раиси ноҳия, узви маҷлиси Миллии маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба тантана ҳусни ифтитоҳ бахшида, кулли мардуми Тоҷикистон ва сокинони ноҳияро ба ин иди баҳору хуррамӣ ва оғози кишту кор самимона муборакбод намуд. Сипас  вакили   Маҷлиси  намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Ҳаёт Одинаев  сухан намуда,  ў низ кулли иштирокчиёни ин тантанаи идона  ва тамоми мардумони ин сарзвамини биҳиштосоро ба ин иди  миллати куҳанбунёд табрику таҳният гуфта, дар корҳояшон баракат, дар бунёдкориву созандагиашон ғайрати дучанд таманно намуд.

       Хотири тамшобинонро  ҳаваскорони Филармонияи давлатии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия бо суруду рақсҳои худ шод гардонданд. Инчунин, сютаҳои рақсии омоданамуд дар иҷрои  хонандагони мактабҳот 7,8, 26  ба тантанаи наврўзи таровати тоза ато намуда, мақбули омадагон гардиданд.  Рақсу бозӣ то дергоҳ дар наврўзгоҳ идома ёфт.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай