Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

         Майдони Исмоили Сомонии ноҳия он рўз ба худ намуди идона гирифта буд. Даҳҳо нафар падару модарон, ёру рафиқон ва наздикони наваскарони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мерафтагиро фотиҳаи нек медоданд. Тантанаи гусели наваскаронро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат  муҳтарам Б.Одиназода кушода, ба наваскарони  ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мерафтагиро шодбош гуфта, ба онҳо  дар ҳимояи марзу буми Ватани соҳибистиқлоламон  муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.

    Муҳтарам Б.Одиназода дар суханрониашон қайд кардаанд, ки  имрўз ба дўши шумо наваскарони ҷасуру далер вазифаи басе пурмасъулият ва дар навбати худ басе ифтихорӣ афтодааст. Ватан ба шумо фарзандони ҷасуру далер бовар карда, ҳимояи марзи муқаддасашро вогузор карда истодааст. Шумо бошед ҳамчун фарзанди бовафою сарсупурдаи ин Ватани бобоӣ  бояд онро бо нақди ҷон ҳам бошад ҳифз намоед. Охир беҳуда нагуфтаанд, ки ҳимояи Ватан аз  гўшаи имон аст. Аз ин рў, ҳар яки мо барои ҳимояи марзу буми ин Ватани озоду соҳибистиқлоламон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем.

       Сипас наваскаронро раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ш.Раҳимов, волидони наваскарон, афсарони қисми ҳарбӣ, имом-хатиби ноҳия И. Маҳмудов ва дигарон табрик намуда, таманои онро карданд, ки  хизмати Модар-Ватанро  сарбаландона адо намуда, бо рўйи сурх ба назди волидонашон баргарданд.

         Дар охир санъаткорони Филармонияи халқии ба номи устод Одина Ҳошимови ноҳия  хотири омадагонро бо суруду рақсҳои дилнишини худ болида гардонданд.   

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.