Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон

        Аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат муроҷиати шифоҳии 25 нафар аз сокинони ноҳия қабул ва дар ҳузури роҳбарони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Муроҷиати сокинон аслан аз ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, кӯмаки яквақтаи иҷтимоӣ ва таъмин бо оби полезӣ иборат буданд.

       Раиси ноҳия ба шаҳрвандоне, ки муроҷиаташ баррасии иловагиро талаб намекунад дар доираи имкониятҳо ҷавоб гардонида, онҳоро қаноатбахш намуданд. Ва ҳамчунин, муроҷиате, ки брои баррасӣ иловагӣ ниёз дорад, ҷиҳати пурра ва тибқи талаботи қонунгузорӣ дида баромадани он ба масъулини соҳа дастур ва супоришҳои таъхирнопазир дода шуд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.