Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - РАИС АЗ КОРМАНДОН ПУРСИД

          Дар ҷамъомади назди раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода аслан кормандони масъули дар ҳукумат ифои вазифа  мекардагӣ  ҷамъ омада буданд. Раис  дар бораи иҷрои супоришҳои  қаблӣ гирифтаашон аз онҳо қатъӣ  пурсон шуд.

              Аз ҷонишини аввал О.Маҳдизода дар бораи омодагии  соҳаҳои мухталифи хоҷагиҳои халқи ноҳия ба кишти баҳорӣ, аз ҷонишин С. Бодомзода дар бораи босифат ва ба талаботи замон сохтани иншоотҳои ҷашнӣ  пурсида, ба онҳо барои хушсифат анҷом додани корҳояшон маслиҳатҳои муфид дод.

            - Пешравию муваффақиятҳои  ҳар як соҳа ба роҳбари кордон ва боғайрат вобаста аст.  Роҳбарро он вақте дорои санъату малакаи  баланди роҳбарӣ дошта мегўянд, ки агар  ў ба вазифаи ба зиммааш бовар кардаю  супоридашуда аз таҳти дил меҳнат кунад. Имрўз ба зиммаи шумо, ки хизмати аҳли меҳнаткашон гузошта шудааст, кўшиш кунед ба ин калима ( роҳбарӣ) сазовор кору амал намоед.  Он вақт ҳам дигарон аз санъати роҳбариатон  қаноатманд мешаваду ҳам худатон  аз коратон розӣ,- гуфт дар фуроварди суханаш муҳтарам Б.Одиназода.

       Раис ба ҳар як корманди ҳукумат супориши махсус дода, барои ҳалли онҳо ва дар сари вақт ба сомон расонданашон маслиҳатҳои судбахш дод. 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай