Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲАФТАИ КИТОБИ БАЧАГОНА

             Дар китобхонаи марказии ноҳия «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони « Хуҷаста бод, Истиқлол» бо иштироки васеи хонандагон ва меҳмонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ шоири  бачагон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷура Ҳошимӣ ва дигар адибон иштирок доштанд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ  мудири шуъбаи маданияти ноҳия  К.Шарифов кушода, меҳмононро ба ин ноҳияи зебою сарсабз хайра мақдам гуфт. Дар ин чорабинии фарҳангӣ шоир Ҷўра Ҳошимӣ баромад карда, аз шеърҳои нав эҷод кардааш дар васфи бачаҳо ба ҳозирбудагон қироат намуд. Хонандагони мактабҳои  шаҳрак, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, бо барномаи омоданамудаи худ хотири омадагонро шод гардонданд. Онҳо бо композитсияи адабӣ-бадеии « Тоҷикистон-Меҳани азизам» баромад намуда, дар васфи Ватан, истиқлол, сарзамини зебо ва муваффақиятҳои ба даст оварда дар давоми  истиқлолият шеъру тарона хонданд.

        -Сари ҳар чанд вақт бо ташаббуси кормандони китобхонаи марказӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, қатори хонандагони китобхона боз волидони онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон дар рўҳияи дўст доштани Ватани хеш, сарзамини биҳиштосо, истиқлолияти  ба дастомада ва мардумони сарбаланди он  тарбия карда шуда, одамони сазовори давр ба камол расанд,-гуфт зимни суҳбат  директори китобхонаи марказӣ  Абдулмаҷид Катаев.

          Ҳафтаи китоби кўдакону наврасон то 9-апрел идома ёфта, он дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.