Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҒАМИ ФАРДО АЗ ИМРЎЗ

                                                  

       Меҳнаткашони ноҳия аз ҳавои гарми  рўзҳои охир ба амал омада, истифода бурда, барои дар сари вақт ба иҷро расондани корҳои саҳроӣ ғайрату матонат нишон дода истодаанд. Техникаҳои кишткунанда дар хатти тайёр буда, захираҳои тухмиҳои киштшаванда низ  мувофиқ ба талабот аст.  Чунин  омилҳои пешбарандаи кор боиси сари вақт кишт намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ  мегардад.

       - Деҳқонони қавииродаи ноҳияи мо тавассути кори ҳалолу ғайратмандиашон ҳар сол ҳосили баланди маҳсулотҳои кишоварзӣ ба даст меоранд. Яке аз сабабҳои ин муваффақиятҳо аз рўйи гуфтаи « ғами фардоро аз имрўз хўрдан» мебошад. Мо ҳанўз дар моҳҳои  аввали сол тухмиҳои  дар ин фасл кишт мекардагиамонро пурра захира намуда будем. Ин имконият медиҳад, ки кишти тухмиҳо дар як муддати кўтоҳ  ба сомон расонда шаванд. Дар қатори ин мо боз ба  хушсифатии тухмиҳо диққати асосӣ медиҳем. Агар тухми зироатҳои кишт мекардагиамон  хушсифату навъҳои баланд бошанд, ба ҳосили дилхоҳ умед бастан мумкин аст,- гуфт ҳангоми суҳбат ҷонишини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода.          

           Чунин усулҳои пешқадами кор аст, ки  деҳқонони қавииродаи ноҳия  солҳои охир  аз иҷрои нақшаву ўҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон   сарбаландона мужда мерасонанд.   

Маркази матбуоти раиси ноҳия           

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.