Дар ҷаласаи баргузоргардидаи рўзи душанбе масъалаҳои умдаи рўз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сараввал раиси ноҳия доири ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи апрел аз нафарони мутассадӣ пурсиш намуд ва онҳоро вазифадор сохт, ки доири иҷроиши масъалаи мазкур чораандешӣ намоянд. Доири дигар масъалаҳо- аз ғабили тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба охир расонидани кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳо; андешидани чораҳои қатъӣ барои тоза кардани ғаллазор аз алафҳои бегона; ба роҳ мондани нигоҳубини дурусти зироатҳо дар гармхонаҳои мавсимӣ ва қитъаҳои замини барои намоиш интихобгардида; ҳолати нигоҳубини кирмаки пилла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пешниҳоди маълумот доири парвариши кирмак раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода аз масъулини соҳа, раисони ҷамоатҳо, раёсати кишоварзӣ пурсиши ҷиддӣ намуда, ба масъулини соҳаю роҳбарон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Раиси ноҳия аз муовинони худ ва раисони ҷамоатҳо омодагиро ҷиҳати ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳия ва дар сатҳи баланд ташкил кардани корҳо дар хатсайрҳо пурсон шуда, доири масъалаи макур маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар мавриди рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ба сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳия, пешниҳоди маълумотномаҳои ҳаррўза оиди иҷроиши корҳо ва ҷамъбасти корҳо ҳар ҳафта рўзи ҷумъа масъулину шахсони вобастагардидаро раиси ноҳия вазифадор намуд, ки дар ин масъала ҷиддӣ бошанд.
Нисбати дигар масъалаҳои ҷамъомад- ба охир расонидани кори насби дарвозаи даромадгоҳи шаҳраки Москва; санҷиши пурраи қубурҳои обгузари ҳудуди шаҳрак ва муайян кардани садамаҳои баамаломада дар хатҳои обтаъминкунӣ; ба роҳ мондани дўхти либосҳои мактабӣ дар ноҳия дар асоси дустуру супоришҳои додашуда ва дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ, андешидани чораҳои қатъӣ барои иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ раиси ноҳия аз масъулини соҳа пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда, ба онҳо сахт таъкид намуд, ки доири иҷроиши масъалаҳои номбаршуда ҳисси масъулиятшиносии баланд нишон диҳанд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ