Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОРАФТОДАГОН РОЗӢ БАРОМАДАНД

                                                         

Раис корафтодагонро қабул намуда, барои  ҳалли масъалаҳои дар рўзгору зиндгиашон ҷойдошта ва камбудиҳояшон мусоидат  намуд.

          Рўзи шанбе  ба қабули раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода корафтодагони зиёде омада буданд. Раис дар ҳозирии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо онҳоро қабул намуда, аз мақсадҳояшон воқиф гардид. Корафтодагон ба назди раис оиди ҳалли масъалаҳои мубрами рўз –аз қабили замин барои сохтани манзили истиқоматӣ, нарасидани об дар  заминҳои наздиҳавлигӣ, кўмаки моддӣ ва тиббӣ, оиди масъалаҳои оиладорӣ ва ғайраҳо омада буданд. Раис тамоми одамони  омадаро  қабул намуда, оиди масъалаҳои иброздоштаашон ва проблемаҳои дар зиндагиашон ҷой дошта ва ҳалли саривақтии онҳо  ба шахсони мутасаддӣ супроишҳои мушаххас дод.

         -Ман ба назди раис бо умед омада будам  ва  дархост кардам, ки барои оилаи мо, ки  дар якҷоягӣ бист нафар зиндагӣ мекунем, барои гирифтани  замини наздиҳавлигӣ ёрӣ  расонад. Худо баракати дунёро насибаш гардонад, ба кормандони ҷамоат ва кумитаи замин супориш дод, ки  оиди ин масъала ба ман ёрӣ расонанд.  Ба қабули раис ба умед рафта будам, ноумедам нагардонд,- гуфт сокини ҷамоати Чубек амаки  Мирзокарим.

        Ба дигар шаҳрвандони ба қабул омада, мувофиқ ба шароит онҳоро раис ҳаматарафа дастгирӣ намуд. Шаҳрвандон аз қабули раис қаноатманд баромаданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.